18:39 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
914 0 0

Низоми пардохти “Корти миллӣ”, ки аз 12 май ба ин сӯ ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд, дигарбора ба кор сар кард

 ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Фирдавс Ризвонзода, муовини раиси “Амонатбонк”, ки ин низомро дар ихтиёр дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аворизе, ки дар ин низом рӯзҳои ахир ба вуҷуд омада буданд, шаби гузашта ҳаволии соати 11 аз миён бурда шуд ва низом ба кор даромад.

“Дар ин амр ба мо мутахассисони ширкати “Компас Плюс”, воқеъ дар Магнитогорски Русия тариқи онлайн кӯмак карданд, чун таври маълум, ҳоло ҳаракати тайёраҳо ба далели густариши “вируси корона” дар ҷаҳон миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ қатъ шудааст ва ҳузури мутахассисон имкон надорад. Бо ин вуҷуд, талошҳои мо тариқи онлайн натиҷа доданд ва мушкил бартараф шуд”, - гуфт муовини раиси “Амонатбонк”.

 “Корти миллӣ” низоми пардохти тоҷикӣ аст, ки ду соли қабл аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ ва сипас, дар ихтиёри “Амонатбонк”, бонки давлатии кишвар гузошта шуд.

Кортҳои ин низом гузинаи тоҷикӣ ва саросарие, назири “Visa” – и байнулмилалӣ буда, дар ҳоли ҳозир тамоми пардохтҳо, аз ҷумла нафақа, маош ва ҳам дигар пардохтҳо тариқи он анҷом мегиранд.

Ҳоло тамоми бонкҳои Тоҷикистон кортҳои “Корти миллӣ” – и худро ба кор мебаранд. Ба қавли масъулини “Амонатбонк”, қарор буд кортҳои “Корти миллӣ” дар Русия низ фаъол карда шавад ва ба ин хотир, бо низоми “Мир” – и он кишвар музокирот идома доштанд.

“Буҳрони кунунӣ, ки дар пайи пандемияи “вируси корона” ба вуҷуд омад, ин музокиротро ба қафо партофт ва умедворем пас аз пушти сар шудани ин буҳрон ҳама талошҳо аз сар гирифта шаванд”, - гуфт Фирдавс Ризвонзода.

Аввалин амалиёт бо корти русии “Мир” дар Тоҷикистон ҳанӯз моҳи декабри соли гузашта анҷом шуда буд. “Корти миллӣ” ва “Мир” ҳанӯз аз соли 2018 ба ин сӯ рӯи ҳамгироии низомҳои пардохтии худ музокира мекунанд.

Барчаспҳо:
кор, мушкил, пардохт, низом, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ