14:59 22 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.27
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
263 0 0

Шавкат Вализода, сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, нишондодҳои рушди иқтисоди кишвар дар соли равон бинобар хуруҷи коронавирус бозбинӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Вазорати рушди иқтисод, дурнамои рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат соли 2020-ро, ки қаблан 7,8 фоиз пешбинӣ шуда буд, 2 банди фоизӣ кам карда, 5,8 фоиз пешбинӣ кардааст.

Шавкат Вализода дар суҳбат бо “Ховар” изҳор доштааст, ки сустшавии иқтисодиёти Русия ва Чин таъсири худро ба иқтисодиёти Тоҷикистон, тавассути якчанд самт, аз ҷумла  коҳиши ҳаҷми гардиши савдои дохилию хориҷӣ, хизматрасониҳо, бахусус сайёҳӣ ва нақлиёти ҳавоӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳаҷми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ, инчунин татбиқи саривақтии лоиҳаҳои самоягузорӣ мерасонад.

Ӯ афзудааст, ки ҳарчанд рушди аксари соҳаҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ таъмин гардида бошад ҳам, вале бо назардошти таъсири пандемияи коронавирус ва дигар омилҳои беруна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати рушди ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,1 банди фоизӣ, гардиши бор 10,7 банди фоизӣ, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 10,3 банди фоизӣ, гардиши савдои дохилӣ 5,9 банди фоизӣ ва мусофиркашонӣ 5,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Инчунин зикр шудааст, коҳишёбии нархи пахта то 13 май дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат ба аввали соли 2020 ба андозаи 17 фоиз ва алюминий ба андозаи 18 фоиз пайомаде мебошад, ки таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои иқтисоди миллии Тоҷикистон низ  мерасонад.

Барчаспҳо:
вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ, пул, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ