03:23 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
130701

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, ҳафтаи равон бо афзоиши болоравии ҳама асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон, ба пояи нишондоди Бонки миллӣ, тайи 24 соати охир қурби рубли русӣ нисбат ба пули миллии сомонӣ боло рафтааст.

Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти расмӣ ин нищоди молии кишвар, як рубл аз 0.1388 то 0.1402 сомонӣ боло рафтааст.

Дар дигар бонкҳо як рубл ҳамагӣ 0,1440 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Қурби миёнаи фурӯши асъори дигари хориҷӣ  низ дар ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои Тоҷикистон нисбат ба сомонӣ боло рафтааст.

Ҳамин тавр, бонкҳои кишвар имрӯз барои як доллари ИМА  аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ ва як евро аз 11.1259 то 11.5000 сомонӣ медиҳанд.

Ёдовар мешавем , ин ин нишондиҳандаи баландтарини қурби рубл дар соли равон набуда,  миёнаҳои моҳи апрел барои як ҳазор рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон аз 142 то 152 сомонӣ дода шуд.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

Барчаспҳо:
сомонӣ, рубл, доллар, қурби асъор, Бонки Миллӣ

Мавзӯъҳои асосӣ