13:00 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
81510

Дар овезаи бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қурби рубли русӣ имрӯз аз 0,142 то 0,146 сомонӣ нишон дода шудааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бонкҳои кишварро аз 0.1420 то 0.1440 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбати нишондоди моҳҳои охир баланд мебошад.

Бонки Эсхата қурби рублро имрӯз зимни харид 0.1435 сомонӣ ва зимни фурӯш 0.146 сомонӣ нишон додааст.

БМТ иттилоъ додаст, ки имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ, барои 1 евро аз 11.2666 то 11.5000 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1420 то 0.1440 сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз барои бозори ғайринақдӣ қурби расмии 1 доллари ИМА — 10.2685 сомонӣ, 1 евро – 11.2666 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1420 сомонӣ муайян намудаст.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта,  ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ