16:08 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
163610

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи равон бо имзои қарори Ҳукумат барои ташкили ҷамъияти саҳомии кушодаи “ТАЛКО Индастрис” дар заминаи амволи “Ширкати алюминийи тоҷик” дастур додааст

ДУШАНБЕ, 21 май — Sputnik. Дар қарори Ҳукумат таъкид шудааст, ки “ТАЛКО Индастрис” дар заминаи амволи силсилаи 5 ва 6-и “Ширкати алюминийи тоҷик” таъсис ёфта, аз ҳамаи сабукию имтиёзҳое, ки  “Ширкати алюминийи тоҷик” дорад, бархӯрдор хоҳад буд. Таъкид шудааст, ки сад фоизи саҳмияҳои “ТАЛКО Индастрис” ба “Ширкати алюминийи тоҷик” тааллуқ хоҳад дошт.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар амволи силсилаи 5 ва 6-ро ба тавозуни “ТАЛКО Индастрис” гузаронанду масоили ташкилию ҳуқуқиро ҳал намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон дар қарори ҷадиди Ҳукумат инчунин созишнома бо ширкати чинии “China Machinery Engineering Corporation” –ро тасдиқ кард, ки ба таҷдиду навсозии корхона машғул хоҳад шуд.

Қарори Ҳукумат: соҳиби "саҳмияи тиллоӣ" дар "Роғун”, Талко, "Тоҷик Эйр" маълум шуд

Қаблан бо ширкати давлатии мошинсозии Чин, “China Machinery Engineering Corporation” барои навсозии корхона, яъне таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз, созишнома ба имзо расид, ки гуфта мешуд барои он ширкати чинӣ 545 млн. доллар маблағ ҷудо менамояд.

Абдураҳмон Ҳомидзода, директори идоракунандаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, изҳор дошта буд, ки ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Халқии Хитой корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ намуда, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” месупорад.

“Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд”, - изҳор дошт Ҳомидзода.

Дар мавриди кори ширкат баъди навсозӣ Ҳомидзода гуфт, пас аз навсозӣ иқтидори истеҳсолии силсилаҳои 5 ва 6-уми истеҳсолоти электролиз ба 300 ҳазор тонна дар як сол расонида мешавад.

“Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш ёфта, беш аз 90 фоизи алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад”, - гуфт мудир.

Қаблан парлумони Тоҷикистон тағйирот ба қонунгузории кишварро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он ширкати “Талко” ва нерӯгоҳи “Роғун” аз феҳрасти иншооте, ки хусусӣ карданашон мамнуъ мебошад, хориҷ гардиданд.

Барчаспҳо:
Чин, ТАЛКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ