Ширкатҳои “Gallina Blanca” “Доширак” ва "Маги" ба ширкати “Хуҷанд-Агро” чӣ робита доранд?

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкЖенщина ест лапшу
Женщина ест лапшу  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ки зиёда аз 3,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бунёд шудаааст

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik.  Дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаи “Хуҷанд-Агро” , ки аз лиҳози экологӣ тоза арзёбӣ мешавад, асосан ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Украина ва Аврупо содирот карда мешавад.

президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти “Хуҷанд — Агро” – ро ифтитоҳ кард

манбаъ таъкид доштааст, ки харидорони маҳсулоти ин корхона ширкатҳои маъруфи “Gallina Blanca” “Доширак”, “Маги” ва як қатор тарабхонаҳои брендии Руссияву Аврупо мебошанд, ки асосан барои омода кардани хӯрокҳои зудтайёр онро истифода мебаранд.

Корхонаи “Хуҷанд-Агро” бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Русия, Чин, Украина ва Олмон асосан дар коркарди меваю сабзавот, ба монанди сабзӣ, лаблабу, карам, пиёз, каду, сирпиёз, се намуди кабудӣ, картошка, лиму ва себ ба роҳ монда шудааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки ин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз аз 10 то 12 тонна меваю сабзавоти тару тоза мавриди коркард намояд.

“Корхона маҳсулоти кишоварзиро аз хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ба тариқи яклухт дастрас намуда, дар се марҳила бо технологияи муосир тоза карда, дар ҳарорати 100 дараҷа пухта, реза ва хушк мекунад. Ҳамчунин дар худи корхона маҳсулоти тайёр мувофиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ банду баст карда мешавад”, - қайд намудааст манбаъ.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд алҳол дар корхона пиёзҳои истеҳсоли вилояти Хатлон ба миқдори калон мавриди коркард қарор дорад ва қарор аст, ки он ба хориҷи кишвар содирот шавад.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки дар ин корхона сафи кормандонро зиёд намоянд ва   бо истифода аз фаровонии ҳосили имсола аз тамоми минтақаҳои кишвар маҳсулоти хомро ҷамъоварӣ ва барои коркард захира намояд.

Лентаи хабарҳо
0