Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Тибқи нишондодҳои ҳавфтаи ахир арзиши рубл ва евро дар бозори асъори кишвар майли поёнравӣ дорад.

ДУШАНБЕ, 19  июн — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1474 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1500 сомонӣ арзиш дорад.

Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Рубл дигар наметавонад: коршинос аз ҷаҳиши якбораи доллар огоҳ мекунад

Тибқи нишондодҳои ҳавфтаи ахир арзиши рубл ва евро дар бозори асъори кишвар майли поёнравӣ дорад. Доллар бошад пас аз суқути чандинвақта майли гаронӣ дорад ва мутахассисон низ қаблан болоравии онро пешгӯӣ карда буданд.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3075 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.5743 то 11.8000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1500 то 0.1525 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1470 то 0.1520 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1470 то 0,1520 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0