Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

© pixabayДоллары США
Доллары США - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иқтисоддонҳо пешгӯии ноумедкунандаи арзиши рубл ва долларро дар бозори асъор барои чанд моҳи оянда гуфтанд

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik.  Дар моҳҳои дигари тобистон, рубл метавонад ба таври назаррас поин равад, гуфт Михаил Коган, мудири шӯъбаи таҳлилҳои “Мактаби олии менеҷменти молиявӣ” дар мусоҳиба бо "Российская газета".

Доллары - Sputnik Тоҷикистон
Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд
Иқтисодчӣ қайд кард, ки чунин ҳолат метавонад бинобар ба охир расидани мӯҳлатҳои шартнома дар бозори ҳосилаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки 19 июн рух дод, ба амал ояд.

Ба гуфти коршинос, давоми се моҳи оянда иштирокдорони бозор метавонанд ба бозии дигар пардозанд. Ба ҷои эъломҳо дар бораи барқарорсозии фаврии иқтисодиёт дар сарлавҳаи хабарҳо, бештар баҳодиҳиҳои эҳтиёткорона ҷой хоҳанд гирифт ва ҷамъбасти на он қадари хуби семоҳаи дуюм дар ҳисоботи ширкатҳо бар ин далолат мекунад.

"Ин моро водор мекунад, ки дар бораи дурнамои рубл ҳам дар охири моҳи июн ва ҳам моҳҳои боқимондаи тобистон рӯҳафтода бошем" гуфт иқтисоддон.

Номбурда гуфтааст, тасвири дар ҳоли зуҳур нишон медиҳад, ки имкони болои рубл барои бозгашт ҳадди ақал миёнаҳои моҳи марти оянд хоҳад буд.

Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Тибқи пешбинии ӯ, дар моҳҳои оянда доллар боз ба 82,8 рубл ва евро ба 89,50 рубл боло хоҳад рафт.

Дар бораи уфти қурби рубл қаблан дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шуда буд.
Тибқи пешгӯии ин марказ, дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0