Тоҷикистон яке аз харидорҳои аслии гандум аз Қазоқистон аст

© Sputnik / Галина Кмит / Гузариш ба медиабонкПшеница, архивное фото
Пшеница, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон аз нигоҳи хариди гандуми Қазоқистон дар миёни чаҳор кишвари нахуст дар радаи севум қарор гирифта ва муштарии муҳиме барои Нурсултон ба ҳисоб меояд

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон 19 дарсад аз ҳаҷми умумии гандуми содиротии Қазоқистонро харидорӣ мекунад ва аз ин нигоҳ пас аз Ӯзбекистон ва Чин дар мақоми севум қарор гирифтааст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.

Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон
Орд арзон мешавад? захираи 480 тонна орд ва 500 тонна гандум дар Рашт

Бино бар иттилои манбаъ, Тоҷикистон дар солҳои ахир воридоти ордро аз Қазоқистон коҳиш ва воридоти гандумро аз ин кишвар афзоиш додааст то заминаи иштиғоли шаҳрвандони хешро дар корхонаҳои орд фароҳам созад.

Мизони масрафи солонаи гандум дар Тоҷикистон беш аз ду миллион тонна мебошад, ки 50 дарсад аз ҳисоби тавлиди  дохилӣ ва бақия аз роҳи воридот аз Қазоқистон таъмин мешавад.

Нархи гандуми воридотии Тоҷикистон дар соли 2019 барои ҳар тонна 194 доллар буд, ки имсол ин маҳсул бо афзоиши нарх ба 213 доллар дар ҳар тонна расидааст.

Аз ин рӯ нархи як халта орди 50 килограмӣ, ки дар бозорҳои Тоҷикистон 170 сомонӣ буд  дар баҳори имсол ба 230 сомонӣ расид.

Воридкунандагон,  далели гарон шудани орд  дар Тоҷикистонро маҳдудиятҳои содиротии иҷроишуда аз сӯи Қазоқистон ва Русия бар содироти орду гандум, баста шудани роҳҳои иртиботӣ ва камбуди манобеи заминӣ дар паи густариши вируси корона унвон мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0