19:49 03 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.09
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
2242 0 0

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни ҷаласаи ахири парлумон хабар дод, ки барои пешгирию бартараф кардани пайомадҳои COVID -19, Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон наздики 2 миллиард сомонӣ қарзи оҷили бефоиз дод

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Қаҳҳорзода гуфт, Хазинаи байналмилалии асъор тавассути механизми қарзгирии оҷилӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 189,5 миллион доллари амрикоӣ қарзи бефоиз дод. Вазири молия афзуд, ки қарз ба муҳлати 10 сол дода шуда, аз ин 5 соли имтиёзӣ мебошад.

“Инчунин, ҳамкориҳо бо Бонки осиёии рушд, Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди авруосиёии рушд ва дигар ташкилотҳои молиявӣ идома доранд”, - хабар дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли вазири молия.

Қаҳҳорзода зикр кард, ки роҳандозӣ гардидани тадбирҳо алайҳи коронавирус боиси маҳдуд шудани ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷиддан коҳиш ёфтани гардиши савдо, аз фаъолият мондани корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои хизматрасонӣ ва муваққатан амалӣ нашудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ гардид.

Ӯ афзуд, ки бо мақсади ҷилавгирӣ аз пайомадҳои иқтисодию иҷтимоӣ бархе тадбирҳо роҳандозӣ шуданд. Вазири молия аз ҷумла тағйирот ба буҷаи давлатии соли 2020 ва сабукиҳои андозиро муаррифӣ кард, ки бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани пайомадҳои манфии пандемия амалӣ гардидаанд.

Барчаспҳо:
вазири молия, қарз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ