00:05 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
34901

Тоҷикистон тайи панҷ моҳи ахир 9,6 ҳазор тонна нафт тавлид кард ва тақрибан 229 ҳазор тонна ворид кард

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон 2,5% афзоиш ёфт, аммо дар заминаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз хориҷ ночиз аст.

Тибқи иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар панҷ моҳи соли равон дар кишвар беш аз 9,6 ҳазор тонна нафт истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,5% зиёдтар аст, хабар медиҳад  “Авеста”.

Дар ҳамин ҳол, дар тӯли панҷ моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон беш аз 228,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст, ки 10,8% афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, дар ин давра ба маблағи 228 ҳазору 872,5 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст, ки маблағи умумии онҳо 121,1 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафти кишвар Русия аст. Маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ҳамчунин аз Туркманистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо низ ворид карда мешавад.

Тоҷикистонро нақша дорад, ки қариб 590 миллион доллар барои хариди маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла гази моеъ сарф кунад. Тибқи пешгӯиҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ (ба истиснои гази моеъ) ба андозаи 570 ҳазор тонна ба маблағи 405,2 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.

Воридоти гази моеъ дар ҳаҷми 408,5 ҳазор тонна ба маблағи 183,8 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
тавлид, воридот, содирот, газ, бензин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ