11:56 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
201812

Ба дунболи нисбатан сабук шудани вазъи сироятёбӣ ба бемории ҳамагири COVID-19 ва зиёдшавии ҳаракати нақлиёт, арзиши гази моеъ, умдатарин маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст

ДУШАНБЕ, 1 июл – Sputnik. Ронандаҳои воситаи нақлиёт дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар бораи гарон шудани нархи маводи сӯзишворӣ хабар доданд.

“Ҳоло арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд то ба 25% боло рафта ба 3, 2 - 3, 5 сомонӣ баробар шудааст”,-гуфт ронандаи таксӣ дар Хуҷанд.

Ҳамсӯҳбати дигари мо аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон низ дар бораи гароншавии арзиши сӯзишворӣ зикр кард. Ӯ гуфт, як ҳафта қабл дар шаҳр ва навоҳии Хатлон нархи 1 литр гази моеъ ҳамагӣ 2, 8 сомонӣ рақам зада мешуд, ҳоло ба бештар аз 3, 5 сомонӣ гарон шудааст.

Дар пайи болоравии нархи газ, арзиши бензин ва дизел ҳам то ба 5, 2 ва 6, 2 сомонӣ боло рафтааст. Мақомоти расмии Тоҷикистон сабаби баландравии нархи маводи сӯзишвориро шарҳ надодаанд.

Аммо бархе манобеъ сабаби дакка хӯрдани нархи маводи сӯхтро ба коҳиши шиддати бемории COVID-19 ва бештар шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кишвар рабт медиҳанд. Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Суғд дар суҳбат зикр кард, ки баъди камтар шудани маҳдудиятҳо, ҳоло гаштугузори мошинҳо дар роҳҳои кишвар зиёд шудааст ва аз ин лиҳоз талабот ба хариди газу бензин афзудааст.

"Ҳоло гаштугузори мошинҳо зиёдтар шудааст ва хариди сӯзишворӣ ҳам бештар шудааст. Вақте талабот ба мол зиёд шуд, нархи он тағйир меёбад. Мисле, ки бардорад зам кун, набардорад кам", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бархе дигар аз кормандони таъмингоҳҳои сӯзишворӣ сабаби боло рафтани нархро ба болоравии қиммати доллар рабт медиҳанд.

Дар шароити кунунӣ аксар воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон аз ҳисоби гази моеъ ҳаракат мекунанд ва ба гуфтаи ронандаҳо ин ба вазъи иқтисодии онҳо бастагӣ дошта, чунин навъи маводи сӯхт назар ба бензин арзонтар гуфта мешавад. Аммо иқтисодшиносон бо ишора ба ҳаҷми маош дар Тоҷикистон дар бораи гаронии арзиши молу маҳсулот, аз ҷумла баланд будани қимати сӯзишворӣ таъкид меварзанд.

Кишвари Тоҷикистон маводи сӯхт, аз ҷумлаи гази моеъ ва бензину дизелро аз хориҷа, умдатан аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид мекунад. Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. Дар пайи гароншавии маводи сӯхт, ҳоло дар бозорҳо нархи маводи ниёзи аввал аз ҷумла орду равған ҳам назар ба моҳҳои қаблӣ боло рафтааст.

Барчаспҳо:
сӯзишворӣ, Агентии давлатии танзими бахши маводи сӯхту энержии Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ