15:08 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
278 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, масъалаи ҷамъоварии андозро дар вилояти Суғд аз масъалаҳое хонд, ки ҳалли фаврӣ мехоҳанд

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд, гуфт, нақшаи ҷамъоварии андозҳо, аз ҷумла андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар панҷ моҳи соли равон 87,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 154 миллион сомонӣ ворид нагардидааст.

"Бақияи қарзи андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоӣ дар вилоят ба санаи 1-уми июни соли 2020 ба 86 миллион сомонӣ баробар шудааст. Мавҷудияти бақияи қарзи андоз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гувоҳи он аст, ки ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сохторҳои маҳаллии Кумитаи андоз ва андозсупорандаҳо қонеъкунанда нест", - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои онро муваззаф кард, ки барои иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, таъмини самаранокии қисми хароҷоти буҷет, кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа чораҳои фаврӣ андешанд.

Раисиҷумҳур афзудааст, ки вобаста ба диверсификатсияи манбаъҳои андозбандӣ, кам кардани вобастагии қисми даромади буҷет аз ҳисоби 3 - 4 субъекти хоҷагидор, барои дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Барчаспҳо:
нақша, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ