14:06 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
61001

Абдулмаҷид Муминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон, ҷаҳиши ахири нархи дорувориро ба мардум вобаста донист, ки ба таҳлука афтиданд

ДУШАНЕБ, 15 июл – Sputnik. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ба боло бурдани нархи доруворӣ асосан чаканафурӯшҳо даст заданд, ки аз таҳлукаи мардум сӯиистифода намуданд.

Ӯ афзуд, ки мардум ба таҳлука афтид, сабтҳои видеоӣ аст, ки як парасетамолро то 100-200 донаӣ харид мекунанд, ки дар натиҷа камчинӣ дар бозор пайдо шуд.

Ба гуфтаи Муминзод, кормандони ниҳодаш аз рӯзи аввали болоравии нарх, дар ҳар нуқтаи доруфурӯшӣ санҷиш гузаронда, зиёда аз 50 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд.

Ӯ таъкид намуд, ки дар пайи ин ҳолат Ҳукумат дорувориро ба феҳрасти молҳои аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим ворид намуд, ки дар сурати зарурат нархи он аз ҷониби давлат назорат мешавад.  Сардори Хадамот ин тасмимро барои дастгирии қишри осебпазир муҳим хонд.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта қабл Ҳукумат, доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқро ба феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид намуд, ки феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

"Дексамитазон" дору алайҳи коронавирус: Созмони ҷаҳонии беҳдошт онро пазируфт

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд. Бо қарори нав, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Барчаспҳо:
дору, нарх, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ