13:34 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Амонатбонк таъкид намудааст, ки бо беш аз ҳафт ҳазор корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва бо 16 бонки хориҷӣ ҳамкорӣ дорад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Амонатбонк, дар маҷмӯъ бонк бо 7 663 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар дохили кишвар тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Манбаъ таъкид доштааст, ки шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 505 ҳазор нафар расидааст.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки имрӯзҳо Амонатбонк бо 16 бонкҳои хориҷӣ бо истифода аз 43 суратҳисобҳои корреспондентӣ ҳамкорӣ дорад.

Бонк зикр намудааст, ки дар натиҷа гардиши умумии ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ дар дохили ҷумҳурӣ 277,3 млрд. сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд аст.

Ҳисоббаробаркуниҳои байналхалқӣ тавассути ҳисобҳои корреспондентӣ бо ифодаи умумӣ 1 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, гардишҳо тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ 3,9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,7 дарсад зиёд мебошад.

Барчаспҳо:
ташкилот, корхона, ҳамкорӣ, бонк, Амонатбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ