13:28 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
153 0 0

Дилмурод Давлатзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон буҷети суғуртаи иҷтиммоӣ ва нафақа пурра иҷро нашуд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зими нишасти хабарии ин ниҳод имрӯз гуфт, аз ҳисоби андозҳои иҷтимоӣ ба буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1297,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,9 миллион сомонӣ кам мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар сатҳи ҷумҳурӣ 15 шаҳру навоҳӣ, аз қабилӣ Айнӣ, Кӯҳистони Масчо, Панҷакент, Дӯстӣ, Носири Хисрав, Темурмалик, Ховалинг, Ишкошим, Дарвоз, Ваҳдат, Шаҳринав, Рашт ва Файзободу Сангвор аз иҷрои қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баромадаанд.

Давлатзода гуфт, дар боқимонда 53 шаҳру ноҳия нақшаи воридоти андози иҷтиморо таъмин карда натавонистанд.

“Нақшаи қисми даромади буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Суғд 87,9 фоиз, Хатлон 84,6 фоиз, ВМКБ 96,2 фоиз ва ШНТҶ 83,9 фоиз иҷро шуд”,-афзудааст манбаъ.

Ба таъкиди Давлатзода бинобар сабаби иҷро нашудани нақша 192,2 миллион сомонӣ ба буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ворид нагардид.

Мавзӯъҳои асосӣ