Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қурби 1000 рубли русӣ, ки оғози ҳафта то марзи 142 сомонӣ поин рафта буд, имрӯз дар бонкҳои кишвар дубора то се сомонӣ боло рафтааст  

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондоди он арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1450 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1480 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сомони и доллары, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3097 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.7974 то 12. 1000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1460 то 0,1490 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1490 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1450 то 0,1500 сомонӣ нишон дода шудааст.

Баженов: дурнамои рубли русӣ дар бозори ИДМ равшан аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0