01:45 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
106 0 0

Дар Тоҷикистон Созишномаи сеҷонибаи байни Тоҷикистон, Олмон ва Швейтсария барои сохтмони НБО-и нав дар ВМКБ ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон созишномаи сеҷонибаро бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ин ниҳод.

Эмомали Рахмон заложил первый камень в основание ГЭС Себзор
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Созишномаи грантӣ ба маблағи 18,6 миллион евро, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешниҳод шудааст, аз ҷониби Бонки Рушди Олмон ва Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба имзо расид.

Ҳамин тариқ, дар доираи ҳамкориҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, аз Олмон ва Конфедератсияи Швейтсария 55,2 миллион доллар барои сохтмони НБО-и нав ҷалб карда шуд.

Олмон барои рушди деҳот ва сохтмони НБО-и "Себзор" 27 миллион евро ҷудо мекунад

НБО-и “Себзор” дар минтақаи Роштқалаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохта мешавад ва иқтидори он 11 МВт арзёбӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 2 августи соли 2019 байни Тоҷикистон ва Олмон созишнома оид ба ҳамкории молиявӣ ба имзо расонида шуда, дар доираи созишномаи мазкур ҷониби Германия 17 млн. евро грант барои сохтмони лоиҳаи НБО “Себзор” пешбинӣ намудааст.

Инчунин моҳи декабри ҳамон сол Тоҷикистон ва Швейтсария барои маблағгузориии бунёди хати интиқоли барқи 110 кВ “Себзор-Хоруғ”, дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 110 кВ ва чорабиниҳо доир ба паст намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба маблағи грантии 9,55 млн. доллар созишнома ба имзо расид.

Таъкиди Файзов ба бунёди “Санобод” баъди шунидани нақшаи 3-солаи “Помир Энержӣ”

Ҳамзамон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ 1,9 млн. Доллар барои омодасозии асосноккунии техникию иқтисодии хати интиқоли барқи 110 кВ “Хоруғ-Ишкошим” ва аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) 3 млн. доллари барои гузаронидани таҳқиқоти зарурӣ ва баланд бардоштани иқтидори ҶСК “Помир энерҷӣ” маблағҳои грантӣ пешбинӣ гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ