11:54 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
101801

Дар тӯли ҳамагири “вируси корона” Тоҷикистон ба таври фаъол дар содироти ниқобҳои муҳофизатӣ ба кишварҳои аврупоӣ саҳм дошт

Душанбе, 28 июл - Sputnik. Заробиддин Файзуллозода, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар замони густариши “вируси корона” дар ҷаҳон 50 ширкати тоҷикӣ ба тавлид ниқобҳои муҳофизатӣ рӯ оварданд.

"Дар нимаи аввали соли 2020 ин ширкатҳо беш аз 8 миллион ниқоб тавлид карда, 2 миллиону 700 ҳазор донаи онро ба ду кишвари аврупоӣ – Сербистон ва Италия содир карданд. Созишнома бо ширкатҳои мо имзо шудааст. Истеҳсол ҳам идома дораду содирот ҳам”, - гуфт Заробиддин Файзуллозода.

Ҳанӯз 22 апрели соли равон вазорати саноат ва технологияҳои нав эълон карда буд, ки як тайёраи ҳомили ниқоби ширкати “Сомон Эйр” озими Италия шудааст ва тибқи тавофуқ, ширкатҳои Тоҷикистон тааҳҳуд супурдаанд, ки ба ин кишвар 11 миллион адад ниқоб содир кунанд.

Аз ҷарима то 10 соли зиндон: ҷазо барои надоштани ниқоб, паҳнсозии беморӣ ва дурӯғ

Тибқи иттилои вазорати саноат ва технологияҳои нав, як ниқоби тоҷикӣ ба як евро (муодили 12 сомониву 10 дирам) арзиш дорад ва аз сӯи ширкатҳои муштараки италиявиву тоҷикӣ - “Ҷавонӣ” ва "САТМ" истеҳсол мешавад.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (698)
Барчаспҳо:
содирот, содирот, вируси нав, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ