Вазорати молия: нақшаи буҷет иҷро нашуд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонМинистр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода
Министр финансов республики Таджикистан Файзиддин Каххорзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, дар шашмошаи аввали соли равон нақнаи буҷа дар кишвар иҷро нагашт

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар дар нишасти хабарияш гуфт, имсол ба буҷа 462,3 миллион сомонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  кам ворид шуд.

Покупатели на рынке Коврон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Таъсири COVID-19 ба фаъолияти соҳибкорони Суғд: 45 милион сомонӣ ба буҷет ворид нашуд

Ба иттилои манбаъ, нақшаи даромади буҷа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳама манбаъҳои воридот дар сатҳи 95,5 фисад иҷро шуда, ба буҷа 9,8 миллиард сомонӣ ворид гашт, ки нисбат ба соли гузашта камтар мебошад.

Номбурда гуфт, ба буҷаи давлатӣ дар ин давра аз ҳисоби даромади ҷорӣ 7,7 миллиард сомонӣ, азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 1146,1 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 658,1 миллион сомонӣ ворид гардид.

“Иҷрои қисми даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ дар сатҳи 93,3 фоизи нақшаи аниқшуда таъмин гашта, ба буҷа 4,5 миллиард сомонӣ ворид гардид. Ҳаҷми воридоти маблағҳо нисбат ба нақша 331,4 миллион сомонӣ кам мебошад”,-афзудааст, вазири молия.

Хароҷоти буҷет соли - 2020: кадом бахшҳо муҳиманд 

Ба гуфти вазири молия, дар ин давра ҳамзамон нақшаи буҷетҳои маҳаллӣ низ иҷро нашуда, 2,2 миллиард сомонӣ ворид шудааст, ки он нисбат ба нақшаи аниқшуда 55,3 миллион ва  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162,3 миллион сомонӣ кам ворид гаштааст.

Лентаи хабарҳо
0