12:38 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
40301

Ҳукумати Тоҷикистон 100 дарсади саҳмияҳои корхона ҶСК “Азот”-ро тариқи музояда бо арзиши ибтидоии 190 миллион сомонӣ ба фурӯш мегузорад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Ахиран Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки азбаски ширкати чинии ҶДММ “Нуриҳои Осиё”  аз уҳдаи барқарорсозии корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии ҶСК “Азот” набаромад, тибқи  Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 майи соли равон 100 дарсади саҳмияҳои корхона аз тариқи музояда бо арзиши ибтидоии 190 миллион сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Вай гуфт, дар назар аст, ки то фаро расидани фасли тирамоҳ масъалаи  хусусигардонӣ ва  фурӯхтани ҶСК “Азот” ҳалли худро меёбад.

Инчунин Фарух Ҳамрализода қайд кард, ки мувофиқи нақшаи  хусусигардонӣ, пеш аз сар задани пандемияи коронавирус чанд ширкати бонуфузи ватанӣ ва  кишварҳои Олмон, Италия, Малайзия  ва Чин  барои барқарорсозии ин корхона ба Ҳукумати кишвар дархост фиристода буданд.

“Баъди беҳтар гардидани вазъи равобити кишварҳо дар шароити пандемияи нави ҷаҳонӣ Озмуни байналмилалии фурўши саҳмияҳои корхона барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ эълон карда шуд. Ҳоло ширкатҳои номбурда, паҳлуҳои иқтисодию тиҷоратии корхонаро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд”, - зикр кардааст Ҳамрализода.

Ҳамзамон раиси кумитаи сармоягузорӣ гуфтааст, ки корхона тавассути кашидани хати газ ба кор даромада, дар он, аз ҷумла ташкили беш аз 1200 ҷойи кор, истеҳсоли нуриҳои минералӣ барои  таъминоти кишоварзони ватанӣ ва ҳам кишварҳои ҳамсоя муайян гардидааст. 

Барчаспҳо:
фурӯши саҳмияҳо, музояда, фурӯш, "Тоҷиказот", корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ