Вазири иқтисод: паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё меомӯзем

Обуна шудан
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълон дошт, ки ҷумҳурӣ барои пайваст шудан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шитоб надорад ва ҳукумат ҳоло паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба иттиҳодияро мавиди омӯзиш қарор додааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ қайд кардааст, ки мақомоти кишвар ҳоло суду зиёни дигар кишварҳоро, ки ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастанд мавриди омӯзиш қарор додааст.

Глава таможенной службы Таджикистана Хуршед Каримзода - Sputnik Тоҷикистон
Каримзода: Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шитоб намекунад

 Вай афзул, ки танҳо пас аз омӯзиши дақиқу мӯшикофона ва таҳлил дар бораи узвияти кишвар ба ин Иттиҳод тасмим гирифта хоҳад шуд.

Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя тамоми паҳлӯҳои мусбату манфии узвият ба ин иттиҳодия мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Зубетс гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад

“Қарор дар бораи узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳоло қабул нашудааст ва маълум ҳам нест, ки он кай аз ҷониби ҳукумат қабул мешавад”, - зикр кард Завқизода.

Ёдрас мешавем, ки ахиран сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор намуд, ки  қабл аз узвият ба ин ё он созмону иттиҳод, ҳамаи паҳлӯҳои мусбату манфии оқибати онро омӯхтан лозим аст.

“Дар яке аз бандҳои шартномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё қайд карда шудааст, ки амалиёти воридоту содироти байни кишварҳои узви Иттиҳод аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад, лекин мо медонем, ки қисмати зиёди буҷети кишвари мо аз ҳисоби маблағи боҷи содиротӣ пур мешавад ва аз даст додани ин сарчашма мувофиқи мақсад ба назар намерасад”, - қайд кард Хуршед Каримзода.

Лентаи хабарҳо
0