01:04 24 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
698 0 0

 Ҳукумати Тоҷикистон барои ворид шудан ба Низоми содиркунандаи сабтшуда (Registered Exporter System) бо Иттиҳоди Аврупо вориди музокирот шудааст

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Шавкат Бобозода, директори Агентии содироти назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ҳукумат лоиҳаи қарорашро барои муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ барои вуруд ба ин низомро таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои зирабт пешниҳод намудааст.

Вай афзуд, тибқи низоми REX ба тамоми молу маҳсулоте, ки вориди Аврупо мешавад, то 10% тахфиф дода мешавад ва ширкатҳо ба гирифтани ҳар гуна сертификат зарурат надоранд.

“Дар ин низом як бор сабти ном мекунанд. Мо ҳамчун оператори давлатӣ онҳоро сабти ном мекунем. Онҳо аз ҳама гуна боҷу хироҷе, ки ҳаст, озод мешаванд. Бо ҳамон рақаме, ки аз компютер мегиранд, қаблан тамоми иттилоъ ва мушаххасоти техникиро дар бораи молу маҳсулоташон мефиристанд. Пас аз мувофиқа бидуни ягон мушкил моли худро ба Аврупо интиқол медиҳанд. Ҳоло расмиёт маблағҳои калонро талаб мекунад. Талоши мо бар ин аст, ки онҳо барои ширкатҳое, ки содирот мекунанд, ройгон тамом шаванд. Як нуктаро зикр кунам, ки тамоми хизматрасониҳои Агентии содирот маҷҷонӣ ё ройгон аст. Инро ҳатман дар матбуот зикр кунед”, - гуфт Шавкат Бобозода.

Аврупо барои маҳсулоти Тоҷикистон як бозори бегона нест. Тибқи иттилои Агентии омор, тайи нимсолаи соли равон 46,4% - и содироти Тоҷикистон, умдатан алюминиум ба Шветсария рост меояд. Ин кишвар шарики асосии содироти Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба ин манбаъ, тайи шаш моҳи ахир афзоиши назарраси содирот бар воридот дар амалиёти тиҷорӣ бо Шветсария (300,6), Белгия (12,9), Латвия (2,7), Хорватия (2 миллион доллар) мушоҳида шудааст.

Савдои хориҷӣ дар Суғд : воридот зиёду содирот кам

Агентии содироти Тоҷикистон ду соли пеш, моҳи августи соли 2018 ба хотири рушди содироти ва рақобатпазир шудани молҳои истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъсис ёфтааст.

Бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишвар мутобиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020 дар назди Агентӣ КВД “Тоҷикагропромэкспорт” таъсис дода шуд.

Воридот ду баробар бештар аз содирот

Ҳадаф аз ташкили корхонаи мазкур харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар арзёбӣ мешавад.

Зимнан, тибқи иттилои Агентии содироти Тоҷикистон, дар ними соли равон новобаста аз пандемияи “вируси корона” ва баста будани марзҳо содироти Тоҷикистон ба беш аз 654 миллион доллар расидааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта 15% зиёд мебошад.

Мавзӯъҳои асосӣ