14:35 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
193 0 0

Вазорати молия тоҷикистон мегӯяд барои истихроҷи инфиродии сангҳои қимматбаҳо ба беш ду ҳазор нафар иҷозатнома додаанд

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои ин ниҳод, сар аз моҳи гузашта комиссияи вижаи Вазорати молия ба 2419 иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои пошхӯрда иҷозат додааст.

Ин ниҳод мегӯяд, сокинон пас аз коркард ва ба даст овардани тилло онро ба нуқтаҳое, ки барои харид омода шудааст, мефурӯшанд.

Ба иттилои вазорат ҳоло дар кишвар зиёда аз 10 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо кушода шудааст ва дар ин давра, ин нуқтаҳо аз аҳолӣ 5,3 кг тилло харидаанд.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат металҳои қиматбаҳоро фурӯшанд.

Ёдовар мешавем, қаблан Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик  гуфт бо дастури ҳукумат, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометир дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Муминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.
Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаван набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Тоҷикистон ба истихроҷи тиллои пошхӯрда дубора оғоз кард

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳо бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд ва бар асоси он дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, метавонанд тилло истихроҷ кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ