02:36 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
83 0 0

Маҷмӯи сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиёт ва муосиргардонии расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротӣ созмон диҳад ва барои соҳибкории хусусӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварад, мегӯяд Бонки ҷаҳонӣ.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik.  Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои густариши тиҷорати наздисарҳадӣ ва беҳтар кардани ҳамлу нақл 132 миллион доллар грант медиҳад, иттилоъи медиҳад, намояндагии ин ниҳоди молӣ.

Гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантии марҳилаи чоруми "Барномаи беҳбуд бахшидани роҳсозиро дар Осиёи Марказӣ" тасдиқ кардааст.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 131 миллион долларро Ассотсиатсияи байналмилалии рушд таъмин медиҳад ва як миллион долларро Фонди Трастии “Барномаи Савдо ва Алоқаи Осиё” илова мекунад.

"Дар мавзеи баландкӯҳ, ки баромад ба баҳр надорад ва алоқаи маҳдуд дорад, Тоҷикистон ба гаронтарин хароҷоти нақлиёт ва савдо дар Осиёи Марказӣ рӯбарӯ аст" гуфт Ян-Питер Олтерс, роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Вай таъкид намуд, ки маҷмӯи сармоягузориҳо ба инфрасохтори нақлиёт ва осонгардонии расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бозорҳои содиротиро роҳандозӣ кунад ва барои соҳибкории хусусӣ имкониятҳои иловагӣ фароҳам оварад.

Таъкид шудааст, маблағҳо барои баланд бардоштани устуворӣ ва бехатарии инфрасохтори роҳ дар вилояти Суғд ва ВМКБ равона карда мешаванд.

Ҳамзамон бо мақсади мусоидат ба тиҷорати наздисарҳадӣ, навсозии платформаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Хадамоти гумрук пешбинӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ