Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро барои солҳои 2021-2023 тасдиқ кард

Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар соли 2021 Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон ба 92,684 миллиард сомонӣ (беш аз 9,104 миллиард доллар) хоҳад расид ва рушди воқеии он 7,6% пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро барои солҳои 2021-2023 тасдиқ намуд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иқтисоддонҳо мегӯянд ММД Тоҷикистон дар соли оянд 7% рушд мекунад, агар...

"Тибқи ин дурнамо, сарфи назар аз пандемияи коронавирус, интизор меравад рушди иқтисодии кишвар дар се соли оянда ҳадди ақалл 7,6%  боло равад", - омадааст дар изҳорот.

Интизор меравад, ки да соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 92,684 миллиард сомонӣ (беш аз 9,104 миллиард доллар) мерасад ва рушди воқеӣ 7,6% пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон тибқи пешбинҳо умед аст, ки дар соли 2022 ҳаҷми ММД 102,97 миллиард сомонӣ (10,1 миллиард доллар) пешбинӣ шуда, пешгӯии афзоиши воқеии он 7,8 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2023 интизор меравад, ки ҳаҷми ММД 115,84 миллиард сомонӣ (тақрибан 11,36 миллиард доллар) хоҳад буд, рушди воқеӣ 8% пешбинӣ шудааст.

Тибқи пешбинӣ, таваррум дар соли оянда 6,9% -ро ташкил хоҳад карда, дар соли 2022 суръати он то 6,8% коҳиш хоҳад ёфт, дар соли 2023 то 7,1% афзоиш хоҳад ёфт.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешава 

"Ин пешгӯиҳои макроиқтисодӣ бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳон ва кишварҳои ИДМ, аз ҷумла вазъи иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон - Русия, Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон таҳия шудаанд", - гуфтаанд, аз хадамоти матбуотӣ.

Гуфта мешавад, дурнамо оқибатҳои имконпазири иҷтимоию иқтисодии паҳншавии COVID-19, тағирёбии нарх дар бозорҳои ҷаҳонии молро ба назар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0