БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевЛюди в масках в городе
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус гранти иловагӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи ташкилот, тасмими додани бурсия тасдиқ шуда, он  аз фонди Осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳукумат ба пандемияи коронавирус ҷудо карда мешавад.

Азиатский банк развития. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

"БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад" гуфт Прадеп Сривастава, намояндаи доимии ташкилот дар Тоҷикистон.

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ” ,- гуфтааст, намояндаи бонк дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0