10:17 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
558810

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат дар ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми содироту воридоти мол тағйирот ворид кард

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, аз 1 сентябри соли 2020 расмиёти воридоту содироти мол аз ҷониби корхонаю идораҳои давлатӣ тариқи электронӣ роҳандозӣ мешавад. Ин навгонӣ дар навбати аввал барои корхонаю идораҳои давлатие амалӣ мегардад, ки ба содироту воридоти мол машғул мебошанд.

Аз 1 сентябри соли 2020 низоми Равзанаи ягона ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо барои содирот, воридот ва транзити мол роҳандозӣ мегардад ва расмиёти корхонаю идораҳои давлатӣ дар бахши содироту воридоти мол аз коғазӣ ба электронӣ гузаронда мешавад, таъкид шудаст дар қарори Ҳукумат.

Ҳукумат корхонаи воҳиди давлатии “Маркази равзанаи ягона”-и назди Хадамоти гумрукро муваззаф кардааст, ки дастрасии корхонаю идораҳоро ба “Равзанаи ягона” зимни содироту воридоти мол таъмин кунад.  Дастур дода шудааст, ки тамоми масоили ташкилию техникии ҳуҷҷатгузории электронӣ дар фурсати муайянгардида ҳал карда шаванд.

Феҳрасти корхонаю идораҳоеро, ки аз ҳуҷҷатгузории коғазӣ ба электронӣ мегузаранд, Ҳукумати Тоҷикистон муайян ва тасдиқ мекунад.

Барчаспҳо:
қарори ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ