15:33 21 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
441601

Дар Тоҷикистон бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот бонки нави давлатӣ таъсис дода шуд. Ташкили бонки навро Раҳмон зимни ироаи паёми имсолааш ба парлумон супориш дода буд

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкорӣ, бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” таъсис дода шуд. Бонки нав ба шакли корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолият хоҳад кард.

Ҳафтаи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин кард. Бобозода қаблан Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Бар асоси оиннома, дафтари марказии бонки ҷадид дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Теҳрон 21 ҷойгир буда, дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ намояндаӣ дорад.

Таъсиси бонк дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон ба Ҳукумат дастур дод, ки “барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад”.

Раҳмон таъкид карда буд, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ