19:16 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
498 0 0

Тибқи маълумоти таҳлилии коршиносони тоҷик, арзиши пули миллии сомонӣ ҳар сол нисбат ба доллар коҳиш меёбад

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Тибқи дурнамои расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023, дар се соли оянда коҳишёбии қурби солонаи пули миллӣ 3% дар назар аст.

То охири соли 2020, қурби расмӣ ҳадди ақал 10,69 сомонӣ барои як доллар хоҳад буд. Дар ҳоле, ки имрӯз, 18 август, тибқи нишондиҳандаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, доллар ба 10,31 сомонӣ баробар аст.

Ҳамин тавр, дар охири соли 2021 қурби як доллар тақрибан 11 сомонӣ, дар соли 2022 - 11,33 сомонӣ ва дар соли 2023 - 11,67 сомонӣ хоҳад буд.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар дар нимсолаи аввали соли 2020 6,4% паст шуд.

БМТ хабар дод, ки чунин тағирот ба таъсири равандҳои иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон ва минтақа, хусусан дар кишварҳои шарикони асосии савдо, вобаста аст.

Интизори беқурбшавӣ: дар тирамоҳ бо доллар чӣ рӯй хоҳад дод

“Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ менамояд”, - изҳор дошт Бонки миллӣ.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

Бояд қайд кард, ки давоми нимсолаи якуми соли 2020 реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дода шудааст.

 

Барчаспҳо:
арзиш, доллар, сомонӣ, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ