СММ ба Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои пандемия 60 миллион доллар медиҳад

© REUTERS \ CARLO ALLEGRIГенеральная Ассамблея ООН в Нью-Йорке
Генеральная Ассамблея ООН в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масоили кумаки СММ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти вазири иқтисоди кишвар ва намояндаи СММ дар ҷумҳурӣ баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. СММ омода аст ба Тоҷикистон 60 миллион доллар ихтисос диҳад, хабар медиҳад котиботи Вазорати иқтисод ва савдо.

Деньги в кошельке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Агентии омор гуфт, дар замони пандемия меҳмонхонаву тарабхонаҳо чи қадар пул кор карданд

Ба иттилои манбаъ, маблағи мазкур барои мубориза бо оқибатҳои пандемия дар кишвар равона карда мешавад.

Ба чунин қарор вазири иқтисоди Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва намояндаи СММ дар ҷумҳурӣ Сезин Синанглу зимни мулоқоти ахир худ, расиданд.

Иқтисодчӣ гуфт, ки оё Тоҷикистон метавонад афзоиши маошро дар замони пандемия таъмин кунад

Дар мулоқот ҷонибҳо "чораҳои андешидашудаи ҳукумати Тоҷикистон ва СММ барои пешгирии таъсири таҳдидҳои беруна, аз ҷумла, паҳншавии пандемаи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёти миллӣ" баррасӣ карданд.

Завкизода дар мулоқот дар бораи зарурати афзоиш додани кумаки СММ барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои ҳукумати Тоҷикистон изҳор кард. Ҳарду ҷониб омодагии худро "ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти коҳиш додан ё пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии пандемияи коронавирус ба иқтисодиёти миллӣ" иброз доштанд.

Лентаи хабарҳо
0