21:44 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
7833 0 0

Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Хатлон аз ширкати “Баракати Ҷомӣ” барои напардохтани ҳаққи об ба Суди иқтисодӣ шикоят бурдааст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ширкати  “Баракати Ҷомӣ”, ки ба Муродалӣ Алимардонов, бонкири маъруфи Тоҷикистон марбут аст, танҳо аз хоҷагии оби маҳаллӣ 800 000 сомонӣ карздор аст, хабар дод нашрияи СССР.

Манбаъ аз қавли Шамсиддин Гадоев, муовини роҳбари Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон афзуд, ки ширкати “Баракати Ҷомӣ” зиёда аз 800 000 сомонӣ қарзи обро насупорида, инчунин аз андози замин низ 86 ҳазору 947 сомонӣ қарздор аст.

Аввали соли равон аз қавли  Саид Ёқубзода, раиси ноҳияи А. Ҷомӣ иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои марбути Алимардоновҳо дар ноҳия аз андоз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳаққи истифодаи об 240 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.

Ҳушдор ё тозасозии мақомот?: Боздошти мансабдори баландпояи АНМН аз сӯи КДАМ

Ба қавли Ёқубзода, ҳарчанд ширкати “Баракати Ҷомӣ” тибқи як қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун хоҷагии тухмипарварӣ таъсис дода шудааст, вале иловатан ба зотпарварӣ низ машғул аст.

“Масоҳати заминҳояш кам не, 1 ҳазору 200 гектар будааст. Соли гузашта мо нақшаи андозҳоро ба таври комил иҷро карда натавонистем, ки яке аз сабабҳояш пардохт накардани андозҳо аз ҷониби ин ширкат аст”,- зикр карда буд раиси ноҳия.

Аммо баъдан Раҷаббек Саидов, мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои нозироти андози ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” қарзи 1,5 миллионии ширкатҳои Алимардоновҳоро рад карда, таъкид доштааст, ширкати “Баракати Ҷомӣ”, ширкати “Хоҷагии зотпарварии чорводории баракати Ҷомӣ” ва ширкати  “ККП баракати Ҷомӣ”, ки ба Алимардоновҳо тааллуқ доранд, то 13-уми феврали соли 2020 дар маҷмӯъ ҳамагӣ аз андоз 237 ҳазору 320 сомонӣ қарздоранд.

Феълан дар бораи тафсилоти додгоҳӣ шудани қарзи ширкатҳои марбути Алимардонов иттилое рӯи даст нест. Назари моликони корхона низ дар бораи иддаои мақомоти давлатӣ маълум нест.

Барчаспҳо:
ширкат, Муродалӣ Алимардонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ