Трактор барои деҳқонон: Тоҷикистон ҳоло ҳам ба техникаи нави кишоварзӣ ниёз дорад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСборка тракторов на таджикско-белорусском заводе
Сборка тракторов на таджикско-белорусском заводе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон тақрибан 24% техникаҳои кишоварзӣ, асосан тракторҳо корношоям буда соҳаи кишоварзии кишвар ба таҷдиди техникӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, парки кишоварзии Тоҷикистон ба таҷдид ниёз дорад, зеро аксари таҷҳизоти техникӣ дар тӯли якчанд давраи кори фаъолият доранд.

Боздиди Раҳмон аз корхонаи истеҳсолии трактор дар Минск - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди Раҳмон аз Корхонаи истеҳсоли трактор дар Минск

Ҳамин тариқ, мувофиқи маълумоти мавҷуда беш аз 6,5 ҳазор адад, ё 23,9% шумораи техникаи кишоварзӣ, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ҷойгиранд, корношоям мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, то моҳи августи соли равон, хоҷагиҳо бештар аз 27,5 ҳазор трактори тамғаҳои гуногун доранд.

Аз онҳо қариб 21 ҳазор трактор дар ҳолати хуб қарор дорад, ки ин 76,1% -ро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, коршиносони соҳаи агротехникӣ бар онанд, ки аксари техникаи кишоварзӣ дер боз кӯҳна ва корношоям мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки қариб ҳама техникаҳои нави кишоварзӣ аз Белорус ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Сар, аз моҳи сентябри соли 2018 дар кишвар корхонаи муштараки Тоҷикистону Белорус ҶСП "Агротехсервис" фаъолият мекунад. Корхона асосан тракторҳо ва дигар намудҳои техникаи кишоварзиро васл мекунад ва гуфта мешавад, ширкат ба Ӯзбекистон ва Покистон техника содир мекунад, аммо ҳаҷми дақиқи он мушаххас нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар семоҳаи аввали соли 2020 таҳвили тракторҳо аз Белорус ба Тоҷикистон дучанд шудааст.

Дар аввали сол ба ҷумҳурӣ бештар аз 100 трактору маҷмӯи тракторҳо фиристода шуданд. Ҳамаи таҷҳизот тамғаҳои BELARUS мебошанд.

Аз “жигулӣ” трактор сохту дар хидмати мардум гузошт: ихтироъкории Ғуломҳайдаров дар ВМКБ

Қаблан низ “Тоҷикагролизин”ниҳоди воридкунанда таҷҳизоти кишоварзӣ ва ба тариқи лизинг ба хоҷагиҳо додани он низ гуфт, дар кишвар техникаҳои кишоварзии корношоям хело зиёд аст ва барои пурра таъмин кардани кишвар бо техникаи замонавӣ миллионҳо доллар зарур аст.

Лентаи хабарҳо
0