01:53 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
274 0 0

Нархи ангур дар бозорҳои Суғд, ҳоло ба 10 сомонӣ боло рафтааст, чизе, ки соли гузашта ҳамагӣ 5 сомонӣ арзиш дошт. Кишоварзони тоҷик мегӯянд, номусодии боду ҳаво имсол ба ҳосили ангур таъсир расонида ва ин сабаби баланд шудани нархи он дар бозорҳо шудааст

ДУШАНБЕ, 26 авг – Sputnik. Турсун Зайниддинов, яке аз токпарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз намуд, ки аз таъсири боришоти пайдарпайи боронҳои баҳори имсол наздики панҷоҳ дарсад ҳосили боғаш кам шудааст.

“Ниҳоли ангур ба намнокӣ чандон тобовар нест. Боридани боронҳои пайдарпайи баҳору тобистони имсол ба нашъунамо таъсир расонид ва аз ин ҳисоб имсол назар ба соли гузашта камтар ҳосил гирифтем”,-таъкид кард Зайниддинов.

Зимнан дар бозорҳои Суғд арзиши ин навъи меваҷот ба даҳ сомонӣ баробар аст, ки назар ба соли гузашта 50 % баланд гуфта мешавад.

Масъулони Идораи кишварзии Суғд ҳам болоравии нархи ангур дар бозорҳоро рад намекунанд ва мегӯянд, номусоидии ҳарорати ҳаво ба парвариш ва нархи ин навъ маҳсулот бетаъсир намондааст.

Абдуазиз Маҳмудзода, мудири шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, номусоидии боду ҳаво ба коҳиши ҳосили ангур таъсир гузоштааст.

“Парвариши ангур гарчанде, ки назар ба солҳои пешин беш аз бист гектор зиёд бошад ҳам, лекин инҷиқиҳои табиат барои гирифтани ҳосили фаровон таъсири амиқ гузошт. Ҳамагон хуб медонанд, ки дар фасли тобистон боридани боронҳои зиёд ба нашъунаомои он таъсир расонида, боис ба хуруҷи як қатор маризиҳо дар ниҳоли он мегардад, ки дар натиҷа гирифтани ҳосили хуб мушкил мешавад”,-афзуд Маҳмудзода.

Аз парвариши занбӯр то ангур: Раҳмон ва Додон чиро баррасӣ карданд?

Бино ба иттилоъи манбаъ, соли ҷорӣ кишоварзони Суғд дар майдони бештар аз 9,6 ҳазор гектор ангур парвариш кардаанд, ки ин рақам назар ба соли гузашта бештар аз 20 га зиёд будааст.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашту Исфара ва шаҳри Панҷакент навъҳои гуногуни ангур ба мисли ҳусайнии сафед, ҳусайнии сиёҳ, гулобӣ, бедонаи сиёҳ, шоҳонӣ, тагобӣ, кишмиш парвариш карда мешавад.

Бар пояи маълумоти оморӣ, соли гузашта аз ҷамъи ангурзорҳои Суғд бештар аз 40 ҳазор тон ҳосил ба даст оварда шуда ва наздик ба панҷоҳ дарсади он ба хориҷи кишвар умдатан ба кишварҳои Қазоқистон ва Федератсияи Русия содир шудааст.

Камбуди ҳосил ва аз дигар тараф баста будани гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо сабаби хуруҷи бемории COVID-19 ҳоло аз мушкилиҳои содироти ин навъи маҳсулот дар вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Тибқи иттилои расмӣ то санаи 1 уми август 76 тона ангур аз Суғд ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Барчаспҳо:
ҳосил, ангур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ