18:35 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Мақомоти Туркия кашфи захираҳои газ дар Баҳри Сиёҳро зери унвони “оғози даври нав”, “кишвар аз нигоҳи энергетикӣ мустақил мешавад” ва “лаҳзаи таърихӣ” бозтоб доданд. Аммо дар амал ин ба зудӣ ба даст намеояд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Сесад миллиард мукааб газ бо арзиши 80 миллиард доллар хеле ҷиддӣ садо медиҳад. Таҳлилгарон дар пайи изҳороти Анқара дар бораи дарёфти захираҳои газ дар Баҳри Сиёҳ ба пешгӯии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пардохтанд.

Гуфта шуд, ки оё Туркия тавони таъмини талаботи худ ва ба содиркунанда табдил ёфтанро дорад. Бархе нигаронияшонро аз “Маҷрои Туркия” баён доштанду гуруҳи дигар арзиши истихроҷро ҳисоб намуданд.

Дар амал вазъ хеле содатар асту баррасиҳо бояд бо назардошти ҳаводиси дохилии ин ҷумҳурӣ сурат гиранд.  Раҳмӣ Туран, яке аз муаллифони матлаб барои нашрияи туркии  Sözcü зикр намуд, ки дар кишвар як анъанаи сиёсист, ки қабл аз интихобот дар бораи захираҳои бузурги нафту газ эълон мекунанд.

Интихоботи наздиктарин соли 2023 дар назар аст ва чунин менамояд, ки барои як маъракаи пиар ҳанӯз барвақт аст. Маҳз то он лаҳза мақомдорон ният доранд, ки истихроҷи захираҳоро оғоз кунанд, бинобар ин сарлавҳаҳо баъди се сол метавонанд боз баландтару ҷолибтар садо диҳанд.

Туркия феълан пурра аз воридоти газ аз хориҷ вобаста аст ва умедвор кардани интихобкунандаҳо дар арафаи интихобот хеле пураҳамият мебошад. Ин масъала чун ҳалли кулли мушкилоти иқтисодии кишвар бозтоб дода мешавад.

Оверчук дар бораи тамдиди патенти муҳоҷирин ва таҷдиди парвозҳо

Дар нашрияи Sözcü бо чунин бархӯрд розӣ нестанд, чун аввалан эҳтимоли хеле кам аст, ки ҳамагӣ тайи се сол тамоми марҳилаҳои истихроҷу коркард роҳандозӣ шавад. Дуюм ҳадди ниҳоии истеҳсол барои 7 соли наздик 8 – 10 миллиард метри мукааб дар як со ласт, ки танҳо аз 5 як ҳиссаи талаботи Туркияро таъмин мекунад. Агар истиқлоли энергетикии фаро ҳам расад, ин ба зудӣ рух нахоҳад дод.

Гуфта мешавад, ки тайи 18 соли раёсати Ҳизби адолату рушд, туркҳо ҳудуди 9 бор аз хабарҳои кашфи захираҳои нафт табли шодӣ мезаданд. Аммо баъди овоздиҳии навбатӣ он боз фаромӯш мешуд. Ин одати пешазинтихоботӣ ҳудуди 65 сол пеш асос гузошта шуд, ки он замон сарвазир Аднан Мендерес, роҳбари Ҳизби демократӣ буд.  

Қирғизистон марзҳояшро барои 31 кишвар боз кард: Тоҷикистон ҳам дар рӯйхат ҳаст?

Рӯзномаҳо он зери сарлавҳаҳои боло “дар Фраксия кони бузурги нафт пайдо шуд”, нашр гардиданд.  Аммо оё ин “оғози даври нав”-у кафили истиқлоли энергетикии Туркия шуд? Тавре аён аст, не.

Барчаспҳо:
газ, Туркия

Мавзӯъҳои асосӣ