06:41 27 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
131001

“Бонки Эсхата” аз мизоҷони худ хостааст, ки аз хизматрасониҳои бонкҳои аврупоии Raiffeisen Bank International AG ва VTB Bank (Europe) SE истифода накунанд

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Ин бонки Тоҷикистон зимни як паёмак тариқи ширкатҳои мобилӣ ба мизоҷони худ иттилоъ додааст, ки Raiffeisen Bank International AG ва VTB Bank (Europe) SE равобити корреспондентии худро бо банкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла “Бонки Эсхата” хотима додаанд.

“Дар ин замина, лутфан аз шумо мехоҳем, ки аз реквизитҳои ин бонкҳои корреспондентӣ дар фаъолиятҳои худ истифода накунед”, - омадааст дар паёми “Бонки Эсхата”.

Дар баробари ин, ин бонк тавсия додааст, ки барои интиқоли доллару евро аз Sberbank – и Русия, “Бонки Гурҷистон” ва Commerzbank A.G. - и Олмон истифода кунанд.

Raiffeisen Bank International AG яке аз бонкҳои маъруфи Австрия ва VTB Bank (Europe) SE, ниҳоди аврупоии Бонки тиҷорати хориҷии Русия мебошанд, ки аз Тоҷикистон бо “Бонки Эсхата” ҳамкорӣ мекунанд.

 Талошҳои мо барои тамос бо “Бонки Эсхата” ба натиҷае нарасиданд, аммо мутахассисони бонкӣ мегӯянд, эҳтимол дорад бонкҳои фавқуззикр ба ягон таҳдид ё таҳрим дучор омада бошад, ки равобити худро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қатъ кардаанд.

Барчаспҳо:
бонкӣ, хизматрасонӣ, ҳамкорӣ, равобит, тоҷикӣ, Эсхата, Тоҷикистон, бонк

Мавзӯъҳои асосӣ