09:57 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
161 0 0

Дар Тоҷикистон то охири соли равон ба маблағи умумии 220 миллион доллар гирифтани қарз пешбинӣ шудааст ва дар тӯли се сол мақомот ният доранд, ки ба маблағи умумии 1 миллиард доллар маблағҳои хориҷиро ҷалб кунанд

ДУШАНБЕ,3 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон, тибқи Барномаи қарзгирии давлатии хориҷии Тоҷикистон то соли 2022, ҷалби қарзҳои беруна ба маблағи умумии 1 миллиард доллар ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба Вазорати молияи Тоҷикистон.

Танҳо то охири соли равон ҷалби қарзҳо дар ҳаҷми 220 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст, ки дар соли 2021 ин маблағ аллакай 336,4 миллион доллар ва дар соли 2022 беш аз 365 миллион долларро ташкил хоҳад дод.

Ҳамзамон, Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 тақрибан 115 миллион доллар сарф кардааст.

Аз ин миқдор, тақрибан 76,5 миллион доллар барои пардохти қарзи асосӣ ва беш аз 38 миллион доллар барои фоизҳо сарф шудааст.

Ҳамин тариқ, ҳаҷми қарзи корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон бидуни грантҳои ҳукумат 31,5 миллион долларро ташкил дод.

Ин қарз ба ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар дохил карда мешавад ва маблағҳоро корхонаҳои алоҳидаи давлатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ ҷалб мекунанд.

Қарз аз ХБА барои пардохти фоизи қарзҳои пешин

Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то кунун ба 3 миллиарду 96,1 миллион доллар мерасад, ки 36,1% ММД-ро ташкил медиҳад.

Боз қарз: Сандуқи байналмилалии пул ба Тоҷикистон 189,5 млн. доллар дод

Ёдовар мешавем, қарздиҳандагони асосии Тоҷикистон “Эксимбонк” -и Чин - зиёда аз 1,1 миллиард доллар, Бонки Ҷаҳонӣ - 338,5 миллион доллар ва Бонки Осиёии Рушд -278,3 миллион доллар мебошанд.

Барчаспҳо:
вазорати молия, қарзи хориҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ