05:52 29 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.05
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Дар шаш моҳи соли равон болотарин мизони таваррум дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik.Кумитаи омори кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) дар сомонаи худ эълом кард, ки  дар ин муддат дар Тоҷикистон нархи таваррум ба 4, 3 дарсад ва дар Ӯзбекистон ба 4, 6 дарсад расидааст.

Ин дар ҳолест, ки бар асоси гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, дар нимаи нахусти имсол ба далели афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар, мизони таваррум 7,5 дарсад будааст.

Дар ин муддат қимати себзаминӣ 45,4 дарсад, макарон 22, 7 дарсад, орди гандум 17,7%, нон 13,5%, гази мойеъ 13,8% ва билети ҳавопаймо 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Бонки Миллии Тоҷикистон қаблан эълом карда буд, ки имсол таваррум дар сатҳи 7 пешбинӣ мешавад.

Далели аслии афзоиши таваррум ва қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол, густариши вируси корона, баста шудани марзҳо ва коҳиши фаъолиятҳои иқтисодиву тиҷорӣ аст.

Барчаспҳо:
мизони таваррум, боло, Ӯзбекистон, таваррум, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ