19:40 30 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
199 0 0

Дар ноҳияи Вахш айни замон бақияи қарзи андоз 16 миллион сомониро ташкил дода, инчунин 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ таъхири пардохти музди меҳнати ташкилоту идораҳои буҷетӣ ҷой дорад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Холиқов Абдулазиз, сардори шӯъбаи ба нақшагирии Раёсати молияи Вахш  ба рӯзномаи “Фараж” таъкид кардааст, ки дар ноҳияи Вахш қарздории музди меҳнат беш аз ним миллион сомонӣ  вуҷуд дошт, ки онро то рӯзи 31-уми августи соли ҷорӣ пардохт кардаанд, аммо айни замон таъхири пардохти музди меҳнат 2 миллиону 700 ҳазорро ташкил медиҳад.

Вай афзуд, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят 3 миллиону 600 ҳазор  сомонӣ маблағи мақсаднок пардохт карда нашудааст, агар  онро пурра диҳанд, таъхири пардохти музди меҳнат аз байн меравад.

Дар ҳамин ҳол, мувони сардори Нозироти андози ноҳияи Вахш Довуд Холов дар суҳбат ба бо ҳамин рӯзнома қайд кардааст, ки даромади қисми буҷети ноҳия дар моҳи август 56 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст.

“Қисми даромади буҷети ноҳия дар 8 моҳи соли равон ҳамагӣ 94,3 дарсад иҷро шудааст. Дар умум дар ин давра 1 миллиону 605 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст”, — зикр кард ӯ.

Вай омили иҷро нашудани қисми даромади буҷетро дуруст фаъолият накардан корхонаҳои саноатӣ, ё умуман фаъолият  накардани онҳо арзёбӣ карда, гуфт, ки  ҶДММ “Котон Идрис” пардохти андозро нисбати соли гузашта  790 ҳазор сомонӣ  кам карда, ҶДММ “Беҳрузи Мурод” ва ҶДММ “Водии Вахш” тамоман дар ин давра фаъолият накардаанд.

Вай зикр кард, ки бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Вахш ба ҳолати имрӯза наздики 16 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Барчаспҳо:
сомонӣ, идораҳо, ташкилот, музди меҳнат, андоз, қарз, ноҳияи Вахш, Вахш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ