16:27 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
329 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Ашт ҳавзи моҳипарварии ҷамъияти “Рахшона”-ро мавриди истифода қарор дод

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, масоҳати қитъаи замини хоҷагӣ 76,6 гектар, шумораи ҳавзҳо 22 адад ва масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ 44,54 гектар мебошад.

“Ғунҷоиши ҳавзҳо дар як 1 гектар 2,5 ҳазор моҳӣ ва дар ҳамаи ҳавзҳо 101,8 ҳазор моҳӣ мебошад. Аз руи маълумоти роҳбари хоҷагии моҳипарварӣ Шуҳрат Мамадҷонов ҳавзи моҳӣ дар деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт ҷойгир буда, барои парвариши моҳӣ ва ба роҳ мондани соҳаи сердаромад хеле мувофиқ мебошад”, - омадааст дар матлаб.

Таъкид шудааст, ки моҳиҳо аз Ҷамъияти саҳҳомии “Моҳии тоҷик”- и вилояти Суғд дастрас гардид. Дар кулҳои моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан навъи моҳиҳои карп, пешонағафси сафеду ало ва амури сафед афзоиш дода мешавад.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки даромад аз фуруши моҳиҳо як роҳи ғанӣ гардонидани буҷаи хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад.

“Дар ҳудуди ҳоҷагӣ ба ғайр аз моҳипарварӣ дар майдони зиёда аз 30 га боғҳои меваҳои гуногун ва заминҳои корам ва парвариши юнучқа барои хуроки моҳӣ ташкил карда шудааст”, - зикр шудааст дар матлаб.

Барчаспҳо:
моҳӣ, Ашт, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ