21:55 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон имрӯз бо Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раиси Хатлон, Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот гуфт, агар дар соли 2019 содироту воридоти молу маҳсулот миёни вилояти Хатлон ва Қазоқистон ба қадри 4,3 миллион доллари ИМА сурат гирифта бошад, танҳо дар 8 моҳи соли ҷорӣ ин рақам зиёда аз 5,7 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

“Аз Тоҷикистон ба кишвари дӯсти Қазоқистон асосан пахта, алюминий, маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи бофандагӣ содирот шуда, аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз ҳама гандум ва маҳсулоти ордӣ, инчунин маводи сӯзишворӣ ворид карда мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабари қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рад кард

Ҳакимзода изҳор дошт, ки барои ҳар ду ҷониб рушд додани ҳамкорӣ дар самти бунёди гармхонаҳои парвариши сабзавоти барвақтӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот бо истифода аз фанноварии муосир ва содироти консерваҳои меваю сабзавот ба Қазоқистон, бунёди корхонаҳои муштарак оид ба коркарди шир, гандум, пашм ва чарм судманд мебошад.

“Мо метавонем инчунин дар самтҳои рушди туризм, таъсиси корхонаҳои муштараки бофандагию ресандагӣ, ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб”, иҷораи дарозмуддати заминҳои таъиноти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати хурду миёна бо мақсади рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории Қазоқистон, иштироки намояндагони вилояти Хатлон ва вилоятҳои Қазоқистон дар ярмаркаю намоишгоҳҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем”, - афзуд раиси Хатлон.

Сафири Қазоқистон изҳор доштааст, ки кишвараш нақшаҳои нави ҳамкориро тарҳрезӣ карда, онҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда барои баррасӣ пешниҳод менамояд.

“Дар омода кардани мутахассисони соҳаи кайҳоншиносӣ, техникаю технологияи муосир, телевизион ва радиокоммуникатсия, соҳаи алоқа ва кишоварзӣ метавонем ҳамкориҳоро мустаҳкамтар намоем. Барои сохтани сардхонаҳо ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ низ шароити хубу мувофиқи ҳамкорӣ дар вилоят фароҳам аст”, - изҳор доштааст сафир.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, Қазоқистон, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ