23:45 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон қарор кардааст, ки ба пахтачинҳои фаъол дар ҷамъбасти ҳар 20-рӯза туҳфаҳои молӣ тақдим карда шаванд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати Хатлон, ба ҳолати 13 сентябр дар шаҳру навоҳии пахтакори вилояти Хатлон 58 ҳазору 871 тонна ҳосили “тилои сафед” ҷамъоварӣ шудааст, ки 3335 тоннаи он бо истифода аз мошинҳо чида шудааст. Ҷамъоварии ҳосили пахта 21,2 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.

“Пахтакорони шаҳри Левакант (39%), Фархор (34,5%), Носири Хусрав (29%), Шаҳритус (28,9%), Данғара (27,8%), Панҷ (25,9%), Ҳамадонӣ (25,2%), Бохтар (24,8%), Дӯстӣ (23,3%) дурнамои ҷамъоварии ҳосилро аз ҳисоби миёнаи вилоят бештар иҷро кардаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки тибқи дурнамо, имсол дар вилоят бояд 278 ҳазору 200 тонна пахта истеҳсол шавад, ки то имрӯз 21,2%-и дурнамо таъмин гардидааст.

Соли 2020 дар вилоят дар майдони 124 ҳазору 175 гектар пунбадона кишт шудааст.

Котибот зикр намудаст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон, дар мавсими имсола низ ҷиҳати ҳавасмандсозии кишоварзони пахтакори вилоят озмуни “60 рӯзи меҳнати зарбдор” баргузор гардида, ҳар 20 рӯз ҷамъбаст ва ба ғолибон туҳфаҳои пулию молӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
Хатлон, пахта, қарор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ