23:32 22 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
140 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар заминҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти такрории гандум оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, дар кишти такрорӣ гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Русия кишт карданд.

Манбаъ афзуд, дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Русия ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар ба миқдори 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла дар кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ба андешаи мутахассисон ҳосилнокии тухмии мазкур аз 80 то 100 сентнериро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, хоҷагии “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полезӣ ва дигар меваю маҳсулоти кишоварзӣ мегузаронанд.

Таъкид шудааст, ки ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин  восита беҳбуд бахшидани сатҳи зиндагии мардум, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маводи ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хондаст.

Барчаспҳо:
пойинравии воридоти гандум ва орд, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ