12:28 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Мақомоти Хатлон мегӯянд, бо мақсади татбиқ намудани ҳадафи чаҳоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, дар вилоят бунёди 380 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи дастгоҳи раиси Хатлон,  аз оғози соли 2018 то инҷониб дар вилоят 220 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бунёд ёфтааст.

“Танҳо дар 7 моҳи соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 50 адад корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 516 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 62 иншооти дигар идома дорад”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, дар ин давра, саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 4 миллиарду 489 миллиону 809 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 254 миллиону 253,7 ҳазор сомонӣ зиёд карданд.

Манбаъ суръати афзоиши маҳсулоти саноатиро дар вилоят 6% арзёбӣ кард.

Котибот мисол овардааст, ки танҳо баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар нимсолаи якум замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд карда шавад.

Илова гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва номгӯи он сол аз сол зиёд шуда, аз 81 номгӯй ба 92 номгӯй расонида шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ