06:03 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
6801

Вазорати молияи Тоҷикистон эълон доштааст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 14 млрд. 352 миллион сомониро ташкил дод, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, дар ҳашт моҳи соли равон ба буҷети кишвар ҳудуди 400 миллион сомонӣ ё наздики 39 миллион доллар камтар маблағ ворид шудааст.

Камбудии буҷет ба коҳиши маблағи андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад.

Гуфта шудааст, ки маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.

Аммо тибқи иттилои манбаъ, аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 миллиард сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 миллиард сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 миллион сомонӣ камтар аст.

Дар назар буд, ки рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи нақшаи тасҳеҳшудаи Вазорати молия, касри буҷети давлатӣ дар соли равон 3,1 миллиард сомонӣ ё беш аз 300 миллион доллар ё худ 3,7% аз ҳаҷми ММД-ро ташкил хоҳад дод.

Барчаспҳо:
миллион, сомонӣ, Вазорати молия, пул, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ