15:59 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳи заргарии “Одина” оғоз бахшид

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, коргоҳи заргарӣ "Одина" дар мавзеи Чилчанор ҷойгир буда, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шудааст.

Манбаъ афзуд, коргоҳи заргарии "Одина" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуқаюм Каримов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки  коргоҳи заргарӣ дар назди Кооперативи тиҷоратии “Артели заршӯии Одина” бунёд гардида, дар он ду утоқи коркарди зар ва ду мағозаи фурӯши ҷавоҳирот фаъолият мекунад.

"Дар ноҳияи Ховалинг барои ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат тадбирҳои судманд пеш гирифташуда, тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз чанд коргоҳи хурду бузурги саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад", - омадааст иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур илова намуд, ки иншоот бо тарҳу намои хуб бунёд гардида, корҳои сохтмониро 50 нафар сокинони маҳаллӣ анҷом додаанд.

Бо бунёди сехи заргарии “Одина” наздик ба 35 нафар сокинони  маҳаллӣ, ки аксаран духтарони бешуғл ва хонашин буданд,  пас аз омӯзиши нозукиҳои ин касб соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд, таъкид шуд дар иттилоия.  

Барчаспҳо:
Ховалинг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ