05:45 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
253 0 0

Тибқи иттилои Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, танҳо аз аввали соли равон қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомониро ташкил додааст, ки баробар ба 45,6 фоизи ҳаҷми умумии қарз мебошад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон қарзи умумии музди меҳнат беш аз 65,1 миллион сомонӣ (беш аз 6,3 миллион доллар) -ро ташкил медиҳад.

Ба ин маблағ қарзҳои солҳои гузашта низ дохил мешаванд.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, аз аввали соли равон то моҳи август танҳо қарзи музди меҳнат беш аз 29,7 миллион сомонӣ ё 45,6% ҳаҷми умумии қарзро ташкил додааст.

Қисми зиёди қарзҳо дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ боқӣ мемонанд. Афзоиши қарзи музди меҳнат дар соҳаи сохтмон (27,1%), истеҳсолот (22,2%) ва ғайра ба қайд гирифта шудааст.

Музди камтарини меҳнат дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ миёни кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва хоҷагии ҷангал буд, ки дар ин соҳаҳо 531 сомониро ташкил дод.

Музди баландтарин дар саноати маъданҳои кӯҳӣ - 2,2 ҳазор сомонӣ, дар сохтмон - 2,3 ҳазор сомонӣ, дар бахши энергетика - 2,1 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ умуман музди миёнаи моҳона дар моҳи июл 1,5 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Миёни бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ музди баландтаринро кормандони соҳаи молия ва бонкӣ мегирифтаанд, ки ба ҳисоби миёна ба 3,7 ҳазор сомонӣ баробар будааст.

Умуман, музди миёнаи моҳона дар бахшҳои соҳаи ғайриистеҳсолӣ дар моҳи июл 1,1 ҳазор сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 17,7% коҳиш ёфтааст.

Барчаспҳо:
қарз, маош, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ