06:58 23 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
307 0 0

Аз ҷумлаи иншооте, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бунёд мешаванд, тарабхонаи “Форел” дар соҳили рости дарёи Сир арзёбӣ мегардад

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдории Хуҷанд, раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо раванди сохтмони тарабхонаи “Форел” дар соҳили Сир шинос шуд.

“Тарабхонаи “Форел” барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, муассиси ширкати “Форел” Муҳсин Шодиев буда, иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад.

Ба иттилои котиботи шаҳрдорӣ, тарабхонаи “Форел” дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Зикр гардид, ки алҳол дар иншоот наздики 30 нафар фаъолият доранд ва баъди истифодадиҳии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати “Форел” ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод. Таъкид шудааст, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

Мавзӯъҳои асосӣ