20:02 19 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.18
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
53510

Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Гуфта шудааст, ки дар форуми мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорони ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи фазо ва имкониятҳои  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон пурра маълумот дода шуд.

Сипас ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, созишнома, доираҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, Форум, тиҷорат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ