06:19 27 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.23
  • RUB0.13
Иқтисод
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Дар гузориши БАТР омадааст, ки ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус маҳдудияти ҳамлу нақди нақлиётӣ бо шарикони тиҷорӣ ва маҳдудият дастрасӣ ба бозори кори Русия таъсир расонид.

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Бо назардошти гузориши Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ба далели дер омадани коронавирус ба Тоҷикистон, мақомот чораҳои нисбатан сабуки ҷилавгириро ҷорӣ карданд.

Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле дертар қабул шуданд.

Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи пандемияи коронавирус маҳдудияти ҳамлу нақди нақлиётӣ бо шарикони тиҷорӣ ва маҳдудият дастрасӣ ба бозори кори Русия таъсир расонид.

"Воридоти байналмилалӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ду маротиба кам шуда, интиқоли пул аз Русия бошад тақрибан 15% коҳиш ёфт, ки ин ба истеъмол, ҳаҷми воридот ва даромади андоз таъсири манфӣ расонд", омадааст дар гузориш.

Ҳамзамон, тибқи натиҷаҳои шашмоҳаи соли 2020, иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоби солона 3,5% афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи коршиносон, чунин натиҷаҳо ба шарофати нишондиҳандаҳои баланд дар соҳаи саноат ва кишоварзӣ, инчунин 140% афзоиши содироти тилло ба Швейтсария ба даст оварда шудаанд.

БАТР гуфтааст, ки коронавирус ба тиҷорати меҳмонхонаҳо, савдои чакана ва хизматрасонии маишӣ дар Тоҷикистон зарба зад.

Тавозуни манфии савдои Тоҷикистон: фарқияти 2 миллиардии воридот аз содирот

Тибқи пешбинии иқтисоддонҳо, дар соли 2021 ММД-и воқеии Тоҷикистон 3% афзоиш хоҳад ёфт.

"Агар ин идомаи пандемия барқарорсозии иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии кишвар - Русия ва Чинро коҳиш диҳад, ин рақамҳо метавонанд аз ҳад хушбин бошанд", - хулоса кардааст бонк.

Барчаспҳо:
воридот, содирот, Русия, БАТР, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ